Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқавориро ба истифода доданд

Сентябрь 30, 2025 09:45

ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур аз се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав 14 мутахассис дар ҳуҷраҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз кору фаъолият намуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои марказ соли 2023 оғоз гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Усмон-Сохтмон” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд гардидааст.

Кормандон ва мутахассисони Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Файзобод аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити арзандаи корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Бунёди бинои муосири хизматрасонӣ ва ташкили озмоишгоҳи замонавӣ имконият фароҳам месозад, ки таъмини бехатарии озуқаворӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи солимии ҷомеа таъмин гардад.

Фаъолияти ҳамарӯзаи мутахассисони марказ ба чор самт – фитосанитарӣ, қонунгузорӣ, байторӣ ва карантин равона гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кор дар Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ таваҷҷуҳи масъулинро ба таъмини амнияти озуқаворӣ, назорати доимӣ ва бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ, ки шарти муҳими солимии мардум ба ҳисоб меравад, ҷалб намуда, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дар оянда ба мутахассисони соҳа маслиҳатҳои судманд доданд.

Иншооти навбунёд дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни пурифтихори миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити арзандаи корӣ ба кормандони соҳа бунёд гардидааст.

Саҳни идораи Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Файзобод бо гулу буттаҳои гуногуни мавсимӣ зебову сабзкорӣ шудааст.

Ифтитоҳи бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Файзобод 30.09.2025

Сентябрь 30, 2025 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад