Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазору сесад адади он пурра об шуда, суръати обшавии пиряхҳои мо дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баён намуданд.
— Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. «Моро мебояд дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об бетараф набошем», — таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон.
Бо дахли баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар самти тағйирёбии иқлим ва обу ҳифзи пиряхҳо Пешвои миллат изҳор доштанд, ки «тобистони соли равон Тоҷикистон аз Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе мизбонӣ намуд. Ин ҳамоиш аҳли ҷомеаи ҷаҳонро бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба мушкилоти криосфера гирди ҳам овард».
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд






