Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи босуръати технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ метавонад ба раванди амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз ҳама кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос намуданд.
«Итминон дорам, ки қатъномае, ки 25 июли соли равон аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ қабул гардид, ҳамчун василаи асосии истифодаи бехатар ва одилонаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо хизмат менамояд»,-иброз намуданд Пешвои миллат.
Дар ин замина Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем».
Ин марказ, бешубҳа, метавонад ба татбиқи ташаббус ва лоиҳаҳои муштараки кишварҳои аъзои Осиёи Марказӣ дар самти зеҳни сунъӣ мусоидат намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






