Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои Шуъбаи маориф ва 2 иншоотро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд

Сентябрь 30, 2025 10:15

ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро, ки ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки 20 сентябри соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои шуъбаи маорифи ноҳия санги асос гузошта буданд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардид.

Бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод аз се ошёна иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Маҷлисгоҳ 100 ҷойи нишаст дошта, дар он барои баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Атрофи иншооти тозабунёд чароғон ва сабзкорӣ шудааст, ки ба маркази ноҳия зебоии дучанд зам мекунад.

Бунёди бинои нави Шуъбаи маориф дар ноҳияи Файзобод барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам овард.

Ин иқдом барои аҳли маориф имкон медиҳад, ки фаъолияташонро мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монда, барои рушди соҳа, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи хонандагон саҳм гузоранд.

Ҳоло дар ноҳияи Файзобод 68 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ ва 4 кӯдакистон бо фарогирии зиёда аз 30 ҳазор хонанда фаъолият доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити иншооти нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон ва масъулини соҳаи маориф барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Қариб 50 фисади кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Файзободро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 22 нафар тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуданд, ки 12 нафарашон духтарон мебошанд. Дар маҷмуъ давоми солҳои охир 305 духтари ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шудаанд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Шаҳтакиён ва Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 6-и деҳаи Шаҳтакиёни ноҳия, ки Баҳор номгузорӣ шудааст, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Муассиса аз 5 ҳуҷра ва ошхона иборат буда, бо шароити мусоид таъмин мебошад ва тибқи лоиҳа барои 50 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Ороиши бино ва саҳну майдони бозӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, рахти хоб, мизу курсӣ ва аёнияту ашёи хониш мувофиқ ба завқи кӯдакону наврасон фароҳам гардидааст.

Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, ҳуҷраҳои маишӣ, таваққуфгоҳ, анбор ва дигар иншооти ёрирасон мебошад

Сокинони ноҳияи Файзобод бо назардошти шароити фароҳамшуда ва таъмини ҷойҳои корӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ва 2 иншоот ба таври фосилавӣ 30.09.2025

Сентябрь 30, 2025 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар