РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ. Он падидаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва омили таҳкими рушди устувори маориф аст

Сентябрь 1, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамеша мавқеи афзалиятнокро ишғол менамояд, зеро маҳз тавассути низоми таҳсилоти босифат ҷомеа қодир аст неруи зеҳнӣ, иқтидори эҷодию таҳлилӣ ва сармояи инсониро ҳамчун пояи рушди устувор ташаккул диҳад. Маориф на танҳо воситаи интиқоли дониш ва таҷрибаи наслҳо, балки механизми стратегиест, ки заминаи ҳамоҳангсозии ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлатро фароҳам меорад. Дар доираи мафҳуми иқтисоди муосир он ба сифати шакли сармоягузории дарозмуддат ба сармояи инсонӣ арзёбӣ мешавад, ки самараи он дар баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, тавонмандсозии қувваи корӣ ва афзоиши рақобатпазирии миллӣ инъикос меёбад. Аз ин рӯ, ҷойгоҳи хоси маориф дар сиёсати давлатӣ ба он вобаста аст, ки рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ бевосита аз сатҳи дониш, маҳорат ва худшиносии шаҳрвандон вобаста мебошад.

30 августи соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ баргузор гардид. Ин рӯйдод на танҳо оғози расмии соли нави таҳсилро таҷассум мекунад, балки дорои моҳияти рамзии амиқ аст. Пеш аз ҳама, он ҳамчун рамзи истиқрори сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бедории худшиносии шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.

Баргузории ин маросим бо ҳузури роҳбарияти олии давлат ва намояндагони қувваҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба паёми фарогир табдил меёбад, ки аҳамияти сулҳро ҳамчун пояи давлатдорӣ ва шарти рушди устувори миллӣ таъкид менамояд. Ҳамзамон ҷойгир сохтани он дар оғози соли нави таҳсил нишони возеҳ аз сулҳ ва дониш — ду мафҳуми пайвандхӯрда ва ҳамдигарпуркунанда мебошанд: бе сулҳ шароити таълиму тарбия фароҳам намегардад ва бе дониш имкони ҳифзи сулҳ ва идомаи пешрафт вуҷуд надорад.

Дарси сулҳ, ки ба анъанаи устувори иҷтимоиву маънавии ҷомеа табдил ёфтааст, ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Ин ташаббус аз чанд ҷиҳат дорои моҳияти амиқ мебошад:

  1. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҳама гуна пешрафт, аз ҷумла дастовардҳои соҳаи маориф, маҳз ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардидааст. Аз ин рӯ, дарси сулҳ на танҳо як дарси рамзӣ, балки василаи бедор сохтани ҳисси миннатдорӣ нисбат ба неъмати бузурги сулҳ дар зеҳни ҷавонон аст;
  2. Ҳадафи асосӣ аз баргузории ин дарс тақвияти худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии наврасону ҷавонон мебошад. Сулҳ ҳамчун арзиши олӣ ба онҳо омӯзонида мешавад, то ки насли нав дар ҳама марҳилаҳо онро ҳифз намуда, дар таҳкими он саҳм гузорад;
  3. Дарси сулҳ на танҳо ба арзиши сулҳу субот ишора мекунад, балки ҷавҳари асосии он ҳидоят кардани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки дониш рамзи қудрати миллат ва воситаи асосии рақобатпазирӣ дар ҷаҳони муосир аст. Аз ин рӯ, сатҳи таҳсил бояд ҷавобгӯ ба талаботи замон бошад ва донишҷӯён дар баробари фанҳои тахассусӣ малакаҳои таҳлилӣ ва амалиро низ азхуд намоянд;
  4. Мо, омӯзгорон ҳамчун сутуни асосии низоми маориф вазифадорем, ки раванди таълимро бо усулҳои инноватсионӣ, интерактивӣ ва ҳадафманд ба роҳ монем. Дарси сулҳ барои мо-омӯзгорон низ паёми мустақим аст: мо бояд дар баробари таълими фаннӣ, арзишҳои сулҳ, ваҳдат ва худшиносии миллиро ба насли наврас биомӯзонем, то ки дониш дар зеҳни ҷавонон бо масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба Ватан пайванд хӯрад;
  5. Баргузории дарси сулҳ аз ҷониби Сарвари давлат маънии муҳим дорад, яъне паёми мустақим ба ҷомеа ва бахусус ба ҷавонон, ки онҳо ояндаи давлату миллатанд. Ин паём баёнгари он аст, ки сулҳ танҳо амри сиёсӣ нест, балки арзиши фарҳангӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоист, ки бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирад.

Сарвари давлат зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки тамоми дастовардҳои мамлакат маҳз бо шарофати сулҳу суботи пойдор ба даст омадаанд. Сулҳ ҳамчун пояи устувори миллӣ, кафили зиндагии шоистаи мардум ва шарти пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ арзёбӣ гардид. Пешниҳоди Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” идомаи мантиқии талошҳои пайвастаи давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи маориф маблағгузории назаррас равона гардидааст. Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 67 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ зиёда аз 6 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Зиёд гардидани музди меҳнати омӯзгорон беш аз 20 баробар, сохтмони ҳазорҳо муассисаи таълимӣ бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва барномаҳои давлатӣ далели таваҷҷуҳи ҳамешагии ҳукумат ба соҳа мебошад.

Президенти Тоҷикистон нақши омӯзгорро ҳамчун сутуни асосии низоми таълим таъкид намуда, таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро нишонаи эҳтироми олӣ ба ин қишри ҷомеа арзёбӣ карданд. Бо ин иқдом мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа мустаҳкам шуда, ҷалби мутахассисони босалоҳият ба соҳа афзоиш меёбад.

Дарси сулҳ на танҳо рамзи пойдории оромиву ваҳдат, балки воситаи ҳидоят намудани донишҷӯён ба омӯзишу худтакмилдиҳӣ низ мебошад. Моҳияти аслияш дар он ифода меёбад, ки сулҳ шарти аввалиндараҷаи таълиму тарбия аст: бе сулҳ на низоми маориф рушд мекунад ва на ҷомеа ба неруи зеҳнӣ такя карда метавонад. Аз ин рӯ, Паёми Пешвои миллат дар Рӯзи дониш ба хонандагон ва донишҷӯён равона шуда буд, то омӯзиш дар сатҳи муосир ва бо истифодаи ҳама захираҳои илму технология ба роҳ монда шавад.

Аз донишҷӯён интизор меравад, ки на танҳо дониши назариявӣ, балки маҳорати амалӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиро азхуд кунанд, то қодир ба рақобат дар бозори меҳнат бошанд. Дониш дар замони муосир фақат захираи китобӣ нест, балки маҷмуи малакаҳои таҳлилӣ, инноватсионӣ ва ахлоқию фарҳангист. Ҳамин сатҳи омӯзиш метавонад ба таҳкими иқтисоди миллӣ ва рушди устувори мамлакат мусоидат кунад.

Барои амалӣ шудани ин ҳадаф нақши омӯзгорон ниҳоят муҳим аст. Омӯзгорон бояд раванди таълимро замонавӣ, интерактивӣ ва ҳадафмандона ба роҳ монанд, то ки донишҷӯён танҳо қабулкунандаи дониш набошанд, балки иштирокчии фаъоли раванди таълим гарданд.

Ҳамин тавр, метавон  хулоса кард, ки таҷрибаи даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки сулҳу субот ва маориф ҳамчун ду арзиши бунёдӣ дар сиёсати давлатӣ на танҳо бо ҳам пайванди зич доранд, балки ба унвони омилҳои ҳалкунандаи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ баромад мекунанд. Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштироки роҳбарияти олии мамлакат рамзи возеҳи ин ҳақиқат аст, ки бе сулҳ шароити фароҳамсозии таҳсил вуҷуд надорад ва бе маорифи босифат ҳифз ва пойдории сулҳ имконнопазир мегардад. Аз ин рӯ, сиёсати давлатӣ дар бахши маориф метавонад ба таҳкими арзиши сулҳ, рушди сармояи инсонӣ ва боло бурдани рақобатпазирии миллӣ мусоидат намояд

Раҷабалӣ ДОДИХУДОЕВ,
мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Одилҷон БОБОЗОДА,
сардори шуъбаи омадакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии
Академияи идоракунии давлатии 
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷамъомад доир шуд
«ДОНИШ ВА СУЛҲ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе соли нави таҳсил оғоз гардид
Дар Суғд ба муносибати Рӯзи дониш ҳамоиш доир гардид
Дар Рӯзи дониш бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
«БА ХОНАНДАГОН АХЛОҚИ НЕК ВА ОДОБУ РАФТОРИ НАМУНАВӢ МЕОМӮЗОНЕМ!». Бардошт аз оғози соли нави таҳсил
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон занги аввал садо дод
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
«МАКТАБ САБАБИ ҲАЁТ БОШАД…». Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соли нави таҳсили 2025-2026 оғоз гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ВИҶДОНИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Андешаҳо оид ба ҳикмати ахлоқии роҳбарӣ дар ҷомеаи миллӣ
Дар Тоҷикистон то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ ба 33 фоиз расонида мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани ангур хатари паст шудани биноиро пешгирӣ менамояд