РӮЗИ КИТОБ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4-5 сентябр ба муносибати Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Рӯзи дарҳои боз дар ин макон ҳамасола доир мегардад. Дар ин рӯз роҳбаладон аъзои китобхона ва меҳмононро бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва шароити фароҳамоварда дар ин толорҳо шинос мекунанд.
Ҳадафи Рӯзи дарҳои боз ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб, китобхонӣ ва китобхона аст. Баргузории ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромада, дар ҳама ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд, ки бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд.
Инчунин кормандони масъули Китобхонаи миллӣ меҳмононро ба толорҳои хониш роҳнамоӣ карда, ба онҳо тарзи ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд. Инчунин муштариёнро бо намудҳои хизматрасонии ройгону шартномавии китобхона шинос менамоянд.
Бахшида ба ин рӯз китобдорони собиқадори муассиса низ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






