Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 30, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 30.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бинои нави маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои мазкур бо дастгирӣ аз ташаббусҳои созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар он барои кору фаъолият шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо бинои тозабунёд ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод 3 ҳазору 690 нафар аъзо дорад, ки аз ин 960 каси онро ҷавонон ташкил медиҳад. Дар ноҳия 49 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият менамояд.

Бино аз се ошёна иборат буда, дар масоҳати 375 метри мураббаъ бо тарҳи замонавӣ аз ҷониби аъзои ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст.

Дар бино китобхона бо фарогирии асарҳои Пешвои миллат ва дигар китобу асарҳои мондагори олимону адибони бузурги классику муосири тоҷик, ҳамзамон 6 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ ва маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мавҷуд аст.

Ҳуҷраҳои корӣ бо компютер ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, имкон медиҳад, ки минбаъд кормандон бо азму иродаи устувор дар амалӣ кардани ҳадафу барномаҳои ҳизбӣ софдилона кору фаъолият намоянд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод суҳбат ороста, онҳоро ба иҷрои сарбаландонаи вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз давлату миллат ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод 30.09.2025

Сентябрь 30, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад