ШАҲОМАТИ ДУШАНБЕ. Китоби «Рустами Эмомалӣ-дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои миллат» ин мавзуъро фаро гирифтааст

ДУШАНБЕ, 20.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашр бо номи «Рустами Эмомалӣ — дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои миллат» бо услуби хосса рӯйи чоп омад. Боиси сарфарозии ҳайати олимони мамлакат аст, ки рӯнамои китоби мавриди назар дар боргоҳи илму маърифати тоҷик-Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Китоби «Рустами Эмомалӣ — дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои миллат» бо сифати баланд чоп шуда, фарогири мақолаҳои 18 нафар чеҳраҳои маъруфи ҷумҳурӣ мебошад. Китоб аз 280 саҳифа иборат буда, нигоштаҳои он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудаанд. Муаллифони мақолаҳо дар сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангӣ фаъолият менамоянд, ки нигоштаҳои хешро дар асоси санаду далел таълиф намуда, раванди меҳнату кӯшишҳои созандагию бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос намудаанд. Китоб бо аксҳое оро ёфтааст, ки муҳтавои нигоштаҳоро таҳкиму тақвият мебахшанд.
Бо се забон нашр шудани китоби «Рустами Эмомалӣ-дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои миллат» барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани дастовардҳои 8 соли охири Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба пойтахти мамлакат мусоидат менамояд.
Китоби «Рустами Эмомалӣ-дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои миллат» маҷмуи мақолаҳои олимону зиёиён ва ходимони давлатию сиёсии ҷумҳуриро барои муаррифии хизматҳои мондагори шаҳрдори ҷавон-муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвар ва идомабахши Мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар гирифтааст.
Воқеан, Мактаби давлатдории Пешвои миллат ба ҳайси бузургтарин мактаби сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст. Ин мактаб ба таҳкими сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ дар саросари мамлакат, рушди тамоми инфрасохтори ҷумҳурӣ замина гузошта, Тоҷикистонро дар муддати кӯтоҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии сарсабзу хуррам, босуръат рушдкунанда ва муҳимтар аз ҳама, ба давлати ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ табдил дод. Ин мактаби бузурги сиёсӣ дар ташаккул ва рушду инкишоф ёфтани шахсиятҳои ворастаи сиёсӣ ва тарбияи неруи зеҳнию ақлонии ҷумҳурӣ мунтазам мусоидат намуда, дар худ якчанд чеҳраи сиёсиро ба камол расонидааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавони мамлакатро метавон, бешак, аз зумраи беҳтарин дастпарварони асили ин мактаби сиёсии Пешвои миллат номид. Давоми фаъолияти хеш ба ҳайси шарҳрдори ҷумҳурӣ шаҳри Душанберо ба беҳтарин маркази маъмурии мамлакат, давоми фаъолият ба ҳайси Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон нишон додани ташаббуси байналмилалӣ дар соҳаи мазкур ва ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи болоии парломуни мамлакат-Маҷлиси миллиро ба яке аз ниҳодҳои асосии ташаббускор дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ табдил доданд.
Маҳз завқи баланди кордонӣ, эҷодкорӣ, андӯхтани таҷрибаи давлатҳои мутамаддин, маҳорати шоистаи роҳбарӣ, ишқи ҳақиқӣ ба Ватан, нигоҳи шаҳрофар ва иқдоми бузурги бунёдкорию созандагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвари Мактаби давлатдории Пешвои миллат буд, ки дар пойтахти мамлакат раванди ободиву навсозиҳо нисбат ба 10 соли қабл рушд намояд. Пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдоди муқаррарӣ табдил ёфтааст ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охири пойтахтро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконнопазир мебошад.
Қомат афрохтани биноҳои истиқоматию маъмурӣ, бунёду тармими маконҳои фарҳангию фароғатӣ ва ба истифода додани мавзеъҳои хоси варзишӣ ба ҳусни шаҳри Душанбе зебоии дигар зам намуд. Албатта, ин иқдоми шоиста дар бедор намудани ҳофизаи таърихи миллат, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастию худшиносии сокинони мамлакат нақши муассир мегузорад. Дар ҳақиқат, Душанбе агарчи шаҳри ҷавону тозабунёд аст, бо зебоиву озодагӣ ва перостагии худ дили ҳазорон нафарро мусаххар сохта, чун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди илму фарҳанги ин халқи куҳантаърих нақши босазо дорад. Маҷмааҳои бузурги фарҳангӣ, боғу гулгаштҳои дилпазир, муассисаҳои таълимию илмӣ ва биноҳои боҳашамати истиқоматӣ ба зебоии он ҳусни тозае зам намудааст. Ин шаҳри дилоро бо тарзи меъмориву оини шаҳрдории худ аз таърихи арзишманди халқи тамаддунофари мо гувоҳӣ дода, ободкориҳои даҳсолаи охир ҳамқадами ҷаҳони муосир будани моро бозгӯӣ менамояд.
Имрӯз бо ибтикори Раиси шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе муррифи илму фарҳанги халқи тоҷик мебошад. Муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффуров, Майдони Истиқлол, Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худшиносии насли наврас ва ҷавонон замина фароҳам оварда, бозгӯи соҳибтамаддунии мардуми куҳантаърихи мо мебошанд.
Хулоса, дар ин китоб фаъолияти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути таҳияи мақолаҳои гуногун таҷассум ёфтааст, ки ин фаъолият намунаи ибрат аст. Муаллифон зимни таҳияи мақолаҳо дар асоси далелу санад ҳақиқати ин иддаоро дар китоб исбот намудаанд. Китоби тозанашр дабистони муқаддасест, ки ҷавонони имрӯзу фардо аз он сабақи зиндагӣ, дарси хештаншиносию ватандӯстдорӣ ва созандагию бунёдкорӣ меомӯзанд.
Умедворем, ки ин иқдоми шоиста бо мақсади муаррифии дастовардҳои наҷиби пойтахти азизамон–шаҳри Душанбе тавассути таҳияи чунин китобҳо идома ёфта, шоҳкориҳо ва хизматҳои мондагори шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ намунаи ибрати ҷавонон мегардад.
Бигузор, шукуҳу шаҳомати шаҳри Душанбе ҷовидона бимонад ва парчами иқболи миллат дар фазои пойтахти азизамон ҳамеша партавафшон бошад!
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон