Соҳибкорону сармоягузорони тоҷик дар Форуми байналмилалии сармоягузории Хоразм иштирок намуданд

Сентябрь 22, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи 10-нафараи соҳибкорону сармоягузорони вилояти Суғди Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории Хоразм, ки аз 19 то 22 сентябр дар шаҳри Хиваи  вилояти Хоразми Узбекистон  баргузор гардид, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Дар форум Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар мавзуи «Раванди ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ» маъруза намуда, доир ба тақвияти равобити дуҷониба байни  ду мамлакати дӯсту ҳамсоя  изҳори назар намуд.

Дар форум  доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ аз 30 кишвари дунё, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорони муваффақ иштирок намуданд.

Ба меҳмонон ва иштирокдорони форум дастовардҳои вилояти Хоразм дар замони соҳибистиқлолӣ  муаррифӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки дар вилояти Хоразм беш аз бист корхонаи бузург  фаъолият дошта, шарикони асосиашон Чин, Русия, Туркия, Белгия, Олмон ва Фаронса мебошанд. Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории Хоразм ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои шаҳрҳои Хива ва Урганҷ шинос шуданд.

Имконоти равобити тиҷоратӣ бо ин вилоят зиёд буда, соҳибкорони тоҷик метавонанд дар самтҳои гуногун бо соҳибкорону сармоягузорони вилояти Хоразм ҳамкорӣ намоянд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Сентябрь 22, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд