Сокинону меҳмонони пойтахт тавассути хатсайри «City Tour» зебоиҳои Душанберо тамошо намуданд

Сентябрь 29, 2025 08:38

ДУШАНБЕ, 29.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ 27 сентябр барои меҳмонон ва сокинони пойтахт хатсайри ройгони сайёҳии «City Tour» ташкил карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ин хатсайри ройгон зиёда аз 200 нафар, аз ҷумла донишҷӯёни донишгоҳу колеҷҳо, сокинону меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ истифода намуданд. Иштирокчиён бо се автобуси дуқабата тавассути хиёбонҳои гулрези пойтахт сайри Душанбе намуда, аз манзараҳои зебо ва пешрафту ободии шаҳр баҳра бурданд.

Зимни хатсайр роҳбаладон вобаста ба фарогирии иштирокчиён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ доир ба таъриху фарҳанг, маконҳои таърихию фарҳангӣ ва имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешкаш карданд.

Ҳамзамон барои болидахотирии иштирокчиён ҳунармандон бо мусиқии зинда фазои идона фароҳам оварданд.

Ҳадафи ташкили чунин хатсайри ройгон рушди соҳаи сайёҳӣ, шиносоӣ бо маконҳои ҷолибу диданӣ ва таърихию фарҳангии пойтахт ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри Душанбе мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1979 инҷониб ҳамасола 27 сентябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб мешавад.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 29, 2025 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид