СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ муҳим аст

ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд. Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ низ дар шароити имрӯзаи китобхонаҳо яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Инноватсия ҳамчун воситаи нав ва барои амалия басе муфиде фаҳмида мешавад, ки ҷиҳати қонеъ кардани ниёзҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шуда, ҳамзамон қисми ҷудонашавандаи раванди инноватсионӣ мебошад. Фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун раванди мураккаби эҷод, паҳнкунӣ, татбиқ ва азхудкунии инноватсия барои навсозӣ ё боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи хонандагони китобхона арзёбӣ мегардад. Шартҳои ҳатмии равандҳои инноватсионӣ инҳо ба шумор мераванд: ташкили низоми интегралии иттилоот дар бораи инноватсия ва ташкили раванди инноватсионӣ.
Инноватсияҳои китобдорӣ ҳамчун самти нави таҳқиқоти илмӣ дар китобхонашиносӣ ниҳоят мураккаб буда, хусусияти байнисоҳавӣ дорад, чунки он дастовардҳои илмҳои гуногун -назарияи умумии инноватсия ва илм, педагогика, психология, менеҷмент, маркетинг, китобхонашиносӣ ва иттилоотро муттаҳид мекунад. Дар замони муосир, ки рушди устувори ҷомеаро тақозо дорад, афзун намудани самараи амалии фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо хеле муҳим аст, зеро натиҷаи ниҳоии фаъолияти онҳо ба пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсир мерасонад. Дар натиҷаи муқоисаи андешаҳои мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба пайдарҳамии татбиқи равандҳои инноватсионӣ, омӯзиши онҳо бо назардошти хусусияти соҳаи китобдорӣ имкон медиҳад, ки технологияи зерини татбиқи онҳоро пешниҳод кунем: -дарки зарурати тағйирот ва ташаккули идеяи навоварии дилхоҳ, мақсаду вазифаҳои асосӣ барои тағйироти зарурӣ дар китобхона; — таҳлили бозори инноватсионӣ, ҷустуҷӯ ва интихоби қарорҳои тайёри инноватсионие, ки барои истифода мувофиқ аст, баҳодиҳии онҳо, муайян намудани мутобиқат ба шароити китобхона, таҳияи лоиҳаи татбиқ; — фармоиш оид ба рушди инноватсия дар объекти инноватсионӣ ё таҳияи мустақилонаи идеяи инноватсионии худ дар асоси усулҳои тарҳрезишудаи инноватсионӣ; — озмоиши инноватсия ва амалисозии таҷрибавии он; — арзёбии имконияти пахш (паҳн) ва фурӯши лоиҳаи инноватсионӣ (аз ҷумла идеяи инноватсионӣ); — тартиб додани барномаи таъминоти методии татбиқ дар амалия; — инкишофи инноватсия, пешбурди он дар доираи касбӣ, пайвастан бо амалияи китобдорӣ ва ғайра.
Татбиқи бемамониати навоварӣ, таҷассуми он дар объекти воқеии тағйирот танҳо дар шароити муайян имконпазир аст, аз ҷумла:
-агар навоварии барои татбиқ интихобшуда ба ниёзҳои инноватсионии китобхона мувофиқ бошад;
-навоварӣ нисбат ба маҳсулот, хизматрасонӣ, техника, технологияи қаблан таҳияшуда бартарият дошта бошад;
-агар кормандон ба татбиқи раванди инноватсионӣ ҳавасмандӣ, дониши зарурӣ ва салоҳияти касбӣ дошта бошанд;
-менеҷерони сатҳҳои гуногун (масъулон сохторҳои асосии китобхона) барои идоракунии тағйирот омода бошанд.
Риоя нагардидани ақаллан яке аз ин шартҳо боиси вайрон шудани пайдарҳамии раванди инноватсионӣ (инкишоф, ҷустуҷӯи навигарӣ — навоварӣ – тартиботи (қоидаи нав) мегардад, аз ин рӯ, самаранокии онҳо коҳиш ёфта, танҳо бо навоварӣ маҳдуд мешаванд. Самаранокии ташкили раванди инноватсионӣ дар ҳама гуна соҳа, аз ҷумла дар соҳаи китобдорӣ, пеш аз ҳама, аз самаранокии идоракунии тағйирот ва мавҷудияти неруи муайяни воситаҳои идоракунӣ вобаста аст.
Чун дар дигар соҳаҳои фаъолият асоси фаъолияти инноватсионии китобхона бояд сиёсати инноватсионие бошад, ки ҳадафу ҳаҷм ва усулҳои навсозии китобхонаро муайян карда тавонад.
Барои идоракунии фаъолияти инноватсионӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон муайян намудани роҳҳои ташхиси ҳолатҳои инноватсионии китобхонаҳо (усулҳои омӯзиш), таҳияи механизм ва муайян намудани хусусияти татбиқи навъҳои гуногуни навоварӣ, хусусияти таъминоти ташкилию методии раванди инноватсионӣ ва пешбурди натиҷаҳо муҳим мебошад.
Муҳимтарин проблемаи назарияи тағйирот масъалаҳои иҷтимоию психологии идоракунии равандҳои инноватсионӣ мебошад. Барои ин механизми ба вуҷуд овардани фазои инноватсионии китобхонаҳо, нақши мудир (мудири китобхона) ҳамчун менеҷери дигаргунсозиҳо, хусусият ва мазмуни тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо бағоят зарур мебошад. Барои ҳама соҳаҳои фаъолияти иҷтимоӣ: хизматрасонӣ, маҳсулот, технология ва муҳити ташкилӣ объектҳои тағйирот якхелаанд.
Муқаррар кардан зарур аст, ки ҳар навъи навигарии китобхона то чӣ андоза ба хусусияти китобхона вобаста аст, вай барои рушди ҳам китобхонаи алоҳида ва ҳам тамоми соҳаи китобдорӣ то кадом андоза зарур аст. Илова бар ин, дар тамоми соҳаҳои амалияи иҷтимоӣ самаранокии инноватсия ба рушди инфрасохтори инноватсионӣ вобаста аст. Дар соҳаи китобдорӣ, махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бозори инноватсионӣ суст инкишоф ёфтааст, иштирокчиёни он шумораи ниҳоят ками сохтори илмӣ мебошанд, ки ба таҳия ва татбиқи системаҳои автоматикунонии равандҳои китобхонавӣ ва библиографӣ машғуланд. Новобаста аз ин, ҳатто ҳамин системаҳо низ ба талаботи рушди инноватсионӣ ҷавобгӯ нестанд. Бинобар ин, муқаррар намудани омилҳое, ки ба ташаккули бозори инноватсионӣ, унсурҳои инфрастохтори фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо мусоидат мекунанд, муҳим ба назар мерасад.
Марказҳои илмӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ин бобат нақши махсус бозида, имкон медиҳанд, ки китобхонаҳо дар тамоми раванди инноватсионӣ, муҳимтар аз ҳама, татбиқи онҳо дастгирӣ ёбад. Аз ин рӯ, бо назардошти вижагиҳои соҳаи китобдории мамлакат сохтори асосие, ки қодир аст вазифаҳои таъмини илмӣ, ташкилӣ ва методии фаъолияти инноватсионии китобхонаҳоро ба уҳда гирад, ба андешаи мо Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода