Судяҳои Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии антикризисӣ дар Қазоқистон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар конфронси байналмилалии антикризисӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни конфронс иштирокчиён масъалаҳои мубрами ҳифзи устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ, роҳҳои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои буҳронӣ, инчунин таҷрибаи давлатҳо дар соҳаи таҳкими адолати судӣ дар шароити ҷаҳони муосирро баррасӣ намуданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар муҳокимаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеъ ва таҷрибаи мамлакатро оид ба масъалаҳои мубориза бо буҳронҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ муаррифӣ намуд. Инчунин бо фаъолияти судии шаҳри Алмато шинос гардида, аз таҷрибаи пешрафтаи татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми судӣ баҳраманд гардид.
Иштироки намояндагони судҳои Тоҷикистон дар конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ на танҳо ба таҳкими робитаҳои касбӣ мусоидат мекунад, балки барои рушди минбаъдаи фаъолияти низоми судии миллӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорию табодули таҷриба шароити мусоид фароҳам меорад.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид






