Таҳкими ҳамкории гумрукӣ дар ҷаласаи коршиносони Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе ҷаласаи коршиносони Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба такмили ҳамкории гумрукӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ гардиданд.
Коршиносон иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои қаблӣ, таҳияи ҳисоботи фаъолияти Шуро барои соли 2025 ва лоиҳаҳои нақшаи фаъолият барои соли 2026-ро муҳокима карданд. Ба масъалаҳои ташкили
назорати гумрукӣ, идоракунии хатарҳо, ҳамкории воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ, навсозии Низомномаи Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумрукӣ, инчунин мувофиқсозии номзадҳо ба мансабҳои роҳбарӣ, аз ҷумла директори гурӯҳи минтақавии иртибот оид ба ҳамкории ҳифзи ҳуқуқи Созмони ҷаҳонии гумрук (WCO) (RILO-Москва) таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Инчунин масъалаҳои амалии марбут ба таснифоти молҳои алоҳида, ташкили боркашонии контейнерӣ ва мултимодалӣ муҳокима карда шуданд.
Коршиносон ҳамчунин чорабиниҳои омодагӣ ба ҷаласаи 82-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки соли 2026 баргузор мешавад, муайян намуданд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе вохӯрии муштараки коршиносони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук баррасӣ гардиданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






