Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҷаласаи махсуси сатҳи баланд баргузор намуд

Сентябрь 6, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр  дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни раёсат дар Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҷаласаи махсуси сатҳи баланд таҳти унвони «Таъмини об ва беҳдошт барои ҳар кӯдак» баргузор гардид.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат ба ҳайси Президенти Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) таъкид намуд, ки дастрасӣ ба об ва беҳдошт ҳуқуқи инсон буда, барои саломатӣ ва шаъну шарафи кӯдакон аҳаммияти хосса дорад. Ҷонибек Ҳикмат ҳамчунин ба таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ишора намуда, хостори тақвияти иродаи сиёсӣ, маблағгузории устувор ва шарикӣ барои пешбурди Ҳадафи 6 рушди устувор ва таъмини ояндаи ҳар кӯдак гардид.

Сипас дар чорабинӣ панели интерактивӣ баргузор гардида, дар он Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа иштирок намуд.

Далер Ҷумъа таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои WASH-ро ба стратегияҳои миллии мутобиқшавӣ ба иқлим ворид намуда, лоиҳаҳои навсозии инфрасохторро амалӣ месозад. Аз ҷумла, таҷдиди низомҳои обтаъминкунии деҳот бо истифода аз технологияҳои каммасраф ва муҷаҳҳаз намудани беш аз 200 мактаб ва муассисаҳои тиббӣ бо низоми муосири обтаъминкунӣ ва беҳдошт бо дастгирии ЮНИСЕФ ба анҷом расидааст.

Вазир инчунин изҳор дошт, ки иқдоми мазкур собит менамояд, ки ҳалли устувори соҳаи об ва беҳдошт ҳатто дар шароити маҳдудияти захираҳо низ имконпазир аст. Ӯ ҳамчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон омода аст таҷрибаи худро дар сатҳи байналмилалӣ тавассути “Раванди оби Душанбе” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мубодила намояд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Сентябрь 6, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд