Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар самти таҳдидҳои замони муосир тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқӣ байни Тоҷикистон ва Амрико зимни мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуда, барои рушди минбаъдаи он изҳори омодагӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқӣ, инчунин мубодилаи таҷриба ва иттилоот оид ба мушкилот ва таҳдидҳои муосир дода шуд.
Ҷонибҳо аҳамияти талошҳои муштаракро дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои киберӣ таъкид намуда, зарурати таҳкими ҳамкории ҳуқуқӣ барои таъмини амният ва суботи минтақавиро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар маҷмуъ вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ гузашта, қадамҳои минбаъда барои таҳкими ҳамкории дуҷониба муайян карда шуданд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






