Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориро тақвият медиҳанд

Сентябрь 6, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар шаҳри Путраҷаяи Малайзия даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҳайати Малайзияро муовини вазири корҳои хориҷӣ Дато Аҳмад Розиан Абду Ғанӣ роҳбарӣ намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории  дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки машваратҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона байни  Тоҷикистону Малайзия мусоидат хоҳанд кард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд