Тоҷикистонро дар Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ 142 варзишгар муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 23.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистонро дар Бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 208 нафар, аз ҷумла 59 нафар масъулину мураббиён, 7 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма ва 142 нафар варзишгарон аз рӯи 18 намуди варзиш муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 сентябр то 9 октябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Озорбойҷон аз рӯи 22 намуди варзиш баргузор мегарданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати варзишгарони мамлакат, ки ба ин мусобиқа сафар мекунанд, вохӯрӣ намуд.
Иброз гардид, ки иштироки варзишгарон дар ин мусобиқа на танҳо масъулияти шахсӣ, балки рисолати ватандӯстона ва ифтихори миллӣ мебошад. Варзишгарон даъват карда шуданд, ки бо фарҳангу маданияти баланд ва ҷасорату иродаи қавии тоҷикона нуфузи варзиши Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи баланди варзишӣ дучанд намоянд, то ба туфайли дастоварди ҳар яки онҳо Парчами давлатӣ парафшон гардад.
Мадина Қурбонзода – барандаи медали тиллои Чемпионати Осиё байни духтарон ҳамчун парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон зимни кушодашавии Бозиҳои сеюми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил парчами дастаи мунтахаби Тоҷикистонро хоҳад бардошт.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






