Вакили Маҷлиси намояндагон бо хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд

Сентябрь 1, 2025 15:10

ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор№7 Сурайё Дӯстмуродзода бо хонандагони синфҳои якум ва дуюми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 ва 51-и Ҷамоати деҳоти Дурбади шаҳри Ҳисор вохӯрӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода устодону хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрик намуда, оид ба муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ин рӯз   бо хонандагон суҳбат орост.

Вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иброз дошт, ки барои донишомӯзии насли наврасу ҷавон бо иқдоми маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мактабҳо тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Танҳо хонандагонро зарур аст, ки аз имконоти баҳрашон муҳайёшуда ба таври шоиста истифода намоянд.

Бо мақсади ҳавасманд намудани хонандагон ба илмомӯзӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ба хонандагони синфҳои якум ва дуюми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 13 ва 51-и Ҷамоати деҳоти Дурбад маводи таълимӣ туҳфа намуд.

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Сурайё Дӯстмуродзода бо сокинони гуногункасби шаҳри Ҳисор то 10 сентябр идома меёбад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

Сентябрь 1, 2025 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд