14 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ СТАНДАРТҲО. 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста аст
ДУШАНБЕ, 14.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Рӯзи ҷаҳонии стандартҳо муқаррар карда шудааст. Бахшида ба он имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини соҳа ҳамоиш доир мегардад. Дар ҳамоиш ғолибони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ қадрдонӣ карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 21 ҳазор стандарт мавҷуд аст
Стандартҳо дастрасии ҳар шахсро ба маҳсулот, сохтор ва хизматрасониҳо осон менамоянд. Онҳо талаботи бехатарӣ, меҳнатшиносӣ ва усулҳои мувофиқашудаи ҳама ташхисҳоро, ки ба тавсеаи дастрасӣ равона шудаанд, дар бар мегиранд. Ҳамчунин ба паҳн намудани навовариҳои технологӣ дар кишварҳои мутараққӣ ва мамлакатҳои дар ҳоли рушд мусоидат мекунанд. Онҳо ба рушди бозор ва тараққиёти савдои ҷаҳонӣ кумак менамоянд.
Дар Фонди давлатии стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 21 ҳазор стандарти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ба монанди истеҳсоли маҳсулот, кору хизматрасонӣ, ҳифзи муҳити зист, маводи сохтмон, маснуоти техникии тиббӣ ва ғайра мавҷуд аст.
80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандарт вобаста аст
Бояд гуфт, ки стандартҳо мустақиман ба савдои хориҷӣ таъсир расонида, монеаҳои техникиро дар вақти дастрас намудани маҳсулот ба бозор кам менамоянд. Тибқи маълумот, 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобастагӣ дорад.
Дар Тоҷикистон 20 регламенти техникӣ қабул гардид
Тавре сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии «Тоҷикстандарт» Суҳроб Ашӯрзода иброз намуд, давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифату бехатарии молу маҳсулоти ватанӣ ва хизматрасонӣ 20 Регламенти техникӣ қабул гардид. Иҷрои талаботи он дар истеҳсолоту савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳатмӣ мебошад. Риояи стандартҳо ва регламентҳои техникӣ бо мақсаде ба роҳ монда мешавад, ки талаботи истеъмолкунанда пурра қонеъ шавад ва маҳсулоти ватанӣ талаф наёфта, бо сифати баланду ба солимии истеъмолкунандагон бехатар дастрас гардад.
Стандарти давлатӣ ба марказонидани таҷрибаи пешқадами саноатӣ ва дастовардҳои муосири илму техника равона шуда, онҳоро бо дурнамои рушди хоҷагии халқ алоқаманд менамояд. Бинобар ин стандарт ба меъёру талаботи зарурии ҷамъиятӣ нисбат ба сифати маҳсулот табдил меёбад.
Маҳсулоти хӯроквории пастсифат нобуд карда шуд
«Дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ мебошад, бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда, мусоидат ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва рушди содирот бо субъектҳои истеҳсолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат дода мешаванд. Натиҷаи корҳои назоратӣ буд, ки аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос 32 ҳазору 806 кг номгӯи гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ барои нобудсозӣ ба Агентӣ ворид карда шуд. Ҳама он молу маҳсулоти аз муомилот гирифташуда дар ҳузури комисияи махсуси салоҳиятдор пурра нобуд карда шуд», — афзуд Суҳроб Ашӯрзода.
Тибқи қонунҳои амалкунанда, «Тоҷикстандарт» намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартонӣ, метрология ва сертификатонӣ ва Иттиҳоди байниминтақавӣ оид ба стандартонӣ буда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи стандартҳои минтақавии таҳияшударо баррасӣ менамояд.
«Тоҷикстандарт» — мақомоти миллии соҳаи стандартонӣ
Агентии «Тоҷикстандарт» мақомоти миллии соҳаи стандартонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар айни замон Агентии «Тоҷикстандарт» аъзо-кореспонденти ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартҳо (ISO), аъзои Шурои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, аъзо – корреспонденти Ташкилоти байналмилалии метрологияи қонунгузор, аъзои комилҳуқуқи Созмони ҳамкории авруосиёии муассисаҳои давлатии метрологӣ (COOMET), аъзои Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия (МАС), аъзои ассотсиявии Созмони байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) ва аъзои Созмони Осиёи Марказӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар соҳаи метрология, ваколатдиҳӣ ва сертификатсия (САС MAS-Q) мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






