Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Маркази саломатиро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бинои Маркази саломатии деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корезро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази навбунёд аз ду ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 1780 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва бо сифати баланд аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст.
Дар марказ 7 ҳуҷраи табобатӣ, 13 ҳуҷраи корӣ, 3 ҳуҷраи таваллуд ва 7 кати хоб мавҷуд буда, барои хизматрасонӣ ба беш аз 7 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Корҳои сохтмонӣ аз аввали соли ҷорӣ оғоз ёфта, дар ҷараёни он зиёда аз 40 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Марказ аз 5 шуъба иборат буда, барои хизматрасонӣ табибони баландихтисос ва ҳамшираҳои соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шудаанд.
Сарвари давлат аз шароити фароҳамшудаи марказ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дастур доданд, ки бо истифодаи самараноки таҷҳизоти муосир ба сокинон хизмати босифат расонанд.









Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад






