Ҷавонписарони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Рӯзи даъватшаванда аз шаҳри Ҳисор ҷавонон ба таври ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Дар маросими гусел роҳбарияти шаҳри Ҳисор аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба даъватшавандагон ва падару модарони онҳо изҳори сипос намуд. Гуфта шуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мушкилтарин даврон ва муҳлати кӯтоҳтарин созмон дода шуда, давоми солҳо аз имтиҳону озмоишҳои басе сангину вазнин гузашта, обутоб ёфтааст. Он имрӯз собитқадамона дар таъмини амнияту оромии мамлакат саҳми арзанда мегузорад.
Таъкид гардид, ки имрӯз суботу амнияти ҷумҳурӣ ва ҳифзи сарҳади Ватан ба ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бонангу номус эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум, хоку оби мамлакат, инчунин пайвандону наздиконаш барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва боиси шарафу ифтихор мебошад.
Дар ҳамоиши Рӯзи даъватшаванда дар фазои тантанавӣ ба ихтиёриёне, ки бо дастгирии молиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор даври кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.
Волидайни даъватшавандагон изҳор намуданд, ки фарзандонашон ба Ватан содиқона хизмат карда, марзу буми онро далеронаю мардона ҳифз мекунанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон зиёда аз 26 тонна маҳсулоти гӯштии бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ вохӯриҳо доир гардиданд
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии омилҳои хурофотӣ ва тафаккури ифротӣ вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲИ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ доир шуд
Агар бо ҳолати фавқулода рӯ ба рӯ гардем, бояд ба куҷо муроҷиат намоем?
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд
Дар ноҳияи Шаҳритус ба ҷойи дарсхонӣ ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани хонандагон ошкор карда шуд






