35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 200 тарбиятгиранда кӯдакистон сохта мешавад

Октябрь 12, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 12.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд кӯдакистон сохта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Бинои кӯдакистон дуошёна буда, барои қабули 200 тарбиятгиранда пешбинӣ гардидааст. Сохтмони иншоот ба тариқи ҳашар идома дорад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистон кӯдакони деҳа аз шароити хуби таълиму тарбия баҳраманд  мегарданд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корвон паранда» ба фаъолият оғоз мекунад. Дар айни замон марҳилаи санҷишии фаъолияти корхона идома дошта, иқтидори солонаи корхона истеҳсоли то 3 миллион сар чӯҷа мебошад.

Масъулин иброз доштанд, ки дар оянда иқтидори корхона ду баробар зиёд гардида, саҳми ноҳия дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти парҳезӣ бештар мегардад.

Дар ноҳия сохтмони бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома дорад.  Иншоот то охири соли 2025 ба истифода дода шуда, дар он барои фаъолият шароити муосир фароҳам оварда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд 

Октябрь 12, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд