35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» бунёд мегардад

Октябрь 19, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди соҳаи варзиш дар шаҳри Хуҷанд сохтмони Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» идома дорад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар  ин иншоот барои намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс, гӯштингирӣ, таэквандо, гимнастикаи бадеӣ, теннис, шашкаву шоҳмот, инчунин баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ толорҳои бузург бунёд карда мешаванд.

Ҳамчунин таъсиси толори фитнес, маркази барқарорсозӣ, ошхона, мағозаҳои фурӯши лавозимоти варзишӣ ва марказҳои омӯзишӣ барои мураббиён дар назар аст.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани Маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» то 1000 нафар метавонанд дар як вақт машқу тамрин намоянд ва даҳҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёди беш аз 950 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аксари онҳо то ин муддат мавриди истифода қарор дода шудаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Октябрь 19, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид