Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд

Октябрь 18, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар маҷлиси машваратии кишварҳои аъзои ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Амрико иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар кори ҷаласа доираи васеи масъалаҳои молиявӣ, аз қабили таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти вазъи геосиёсӣ, таҳкими дурнамои рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор, инчунин дигар масоили аҳамияти ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода вазъи кунунии иқтисоди ҷумҳурӣ, дастовардҳои макроиқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки сиёсати пулию қарзиро шарҳ дод. Иброз гардид, ки ҳамкории судманд ва дарозмуддати Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти иқтисодиву сохторӣ нақши муҳим доранд.

Дар нишаст ҳамкории самарабахш дар доираи Барномаи «Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат» (PCI) воситаи муҳими пешбурди ислоҳот дар бахшҳои сиёсати пулӣ, беҳтарсозии идоракунӣ ва тақвияти шаффофият арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки рушди устувори иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли 2025 ва таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба бозори Тоҷикистон аз сатҳи баланди эътимод ба иқтисоди миллӣ ва суботи низоми молиявӣ шаҳодат медиҳад. Рақамигардонии иқтисодиёт, рушди энергетикаву иқтисоди сабз ва сармоягузории устувор ҳамчун афзалиятҳои муҳими стратегии ҷумҳурӣ муайян карда шуда, ҳамкории наздик бо Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд барои татбиқи ҳадафҳои гузошташуда нақши ҳалкунанда дорад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ буда, таҳкими робитаҳо дар самтҳои савдо, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтори рақамиро омили муҳими таҳкими устувории иқтисодии минтақа медонад»,-иброз гардид дар ҷаласа.

Зимни муҳокимаронӣ иштирокдорони дигари ҷаласа низ доир ба таҷриба ва дастоварди мамлакатҳои худ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт, рушди иқтисоди сабз, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ ва густариши истифодаи воситаҳои молиявии устувор ва тавсеаи ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ табодули назар намуданд.

АСК: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 18, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад