Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар баргузор гардид

Октябрь 15, 2025 15:45

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ бо иштироки ҳайатҳои ду давлат таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва Вазири давлатии савдои хориҷии Қатар Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Сайид баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласаи Комиссия масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ муҳокима гардиданд.

Завқӣ Завқизода ба ҷониби Қатар барои маблағгузории лоиҳаи Неругоҳи барқии обии «Роғун» бо маблағи 50 миллион доллар аз ҳисоби Фонди рушди Қатар, ки он 24 августи соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд, изҳори миннатдорӣ намуда, барои ҷудо намудани тақрибан 500 миллион доллар ба ин лоиҳа аз ҷониби Фонди мазкур даъват ба амал овард.

Иброз гардид, ки лоиҳаҳои сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун», шаҳраки «Диёри Душанбе» ва «Масҷиди ҷомеи Душанбе» ба маблағи умумии 255 миллион доллар намунаи беҳтарини ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Қатар ба шумор меравад. Масҷиди ҷомеи Душанбе бо сармоягузории 100 миллион доллари Қатар бунёд ёфта, 8 июни соли 2023 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амири Давлати Қатар расман ифтитоҳ гардид ва имрӯз ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду давлат  хизмат мекунад. Марҳилаи аввали лоиҳаи «Диёри Душанбе» бо маблағи 65 миллион доллар дар асоси сармоягузории ширкати «Diyar Qatar» амалӣ гардида, дар айни замон марҳилаи дуюми он ба маблағи 40 миллион доллар оғоз ёфтааст. Марҳилаҳои минбаъда ба маблағи умумии 95 миллион доллар ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳамзамон барои  татбиқи 14 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла идома додани лоиҳаи сохтмони  Неругоҳи барқии обии «Роғун», сохтмони фурудгоҳи байналмилалии мусофиркашонӣ ва боркашонӣ (карго) дар ноҳияи Данғара, таъсиси ширкати муштараки ҳавоӣ ва хариди ҳавопаймоҳо, инчунин 3 лоиҳаи афзалиятноки хайриявӣ, бахусус сохтмони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратон ва Муассисаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона даъват ба амал оварда шуд.

Ҷонибҳо аз кушода шудани хатсайрҳои мустақим байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа ва ҷорӣ гардидани низоми бераводид байни давлатҳо хуш истиқбол намуда, барои кушодани хатсайрҳои иловагӣ аз ҷониби ширкати Қатар эйрвейс ва рушди сайёҳӣ таклифҳо пешниҳод намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 200 нафар муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Қатар сафарбар шудаанд ва гуфтушунидҳо ҷиҳати марҳила ба марҳила то 4000 нафар расонидани шумораи онҳо идома доранд.


Дар анҷоми ҷаласа ҷониби қатарӣ барои пайгирии лоиҳаҳои дар баррасии он ҷониб қарордошта изҳори омодагӣ намуд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Комиссияи мазкур ҳайатҳои Тоҷикистону Қатар Протоколи ҷаласаи Комиссия ва Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳавасмандкунӣ ва кафолати сармоягузорӣ аз 25 августи соли 2011-ро ба имзо расониданд.

Бояд гуфт, ки ҳайати Давлати Қатар таҳти роҳбарии Вазири давлатии савдои хориҷии Қатар Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Сайид иборат аз роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону сармоягузорони Қатар аз 13 октябри соли 2025 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳайати Қатар дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest-2025” иштирок намуда, ба кори форум баҳои баланд дод.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2025 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд