Ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд дар пешбурди лоиҳаҳои стратегӣ дар Амрико баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баргузор шуд, ки дар он ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкории босамар байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушдро, ки то имрӯз маблағгузории беш аз 900 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад, мусбат арзёбӣ намуданд.
Ҳамсуҳбатон саҳми арзандаи Бонки исломии рушдро дар пешбурди лоиҳаҳои стратегии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷалби аввалин маблағгузории 150 миллиондолларӣ ба лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва саҳм дар ҷалби маблағҳои иловагии давлатҳои арабӣ иброз намуданд.
Ҳамзамон дар мулоқот афзалияти стратегии мамлакат муаррифӣ гардида, барои идомаи дастгирии лоиҳаҳо дар самтҳои рушди энергетика ва афзоиши истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, таҳкими инфрасохтори нақлиётӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ, навсозии соҳаи обёрӣ ва таъмини оби нӯшокӣ, густариши иқтисоди «сабз» ва амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди тиҷорат, инчунин вусъат додани иқтидори содиротӣ ва дастгирии бахши хусусӣ даъват ба амал оварда шуд.
Ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки ҳамкориро дар асоси «Стратегияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023–2026» идома дода, барои таъмини устувории молиявии лоиҳаҳо ҷалби бештари захираҳои имтиёзнок, аз ҷумла грантҳо ва қарзҳо бо шартҳои сабукро дар мадди аввал қарор медиҳанд.
Мусоҳибон барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо назардошти афзалияти стратегии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуда, бобати татбиқи лоиҳаҳои нав ва ҷалби маблағгузории иловагӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад






