Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ доир шуд

Октябрь 4, 2025 08:46

ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Забони тоҷикӣ ва марҳилаҳои таърихии он: вазъ ва мушкилот” баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, ин ҳамоиши илмӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ доир гардида, ҳадафи он бознигарӣ ва баррасии ҷанбаҳои гуногуни таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ, таҳкими мақоми он дар ҷомеа ва пешниҳоди роҳҳои илмӣ-амалии ҳалли мушкилоти мавҷуда буд. Забони тоҷикӣ дар ин ҳамоиш ҳамчун яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ, пояи давлатдорӣ ва арзиши бунёдии истиқлолияти давлатӣ муаррифӣ шуд.

Дар кори конференсия намояндагони идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ, муҳаққиқон, донишмандон, омӯзгорон ишитрок намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш аҳаммияти илмӣ ва амалии конфронс дар заминаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон шарҳ дода шуд.

Сипас муҳаққиқони соҳа  оид ба  андешаҳои Пешвои миллат доир ба масъалаҳои мубрами забони тоҷикӣ, забоншиносии матн ва афкори забоншиносии тоҷик, марҳилабандии таърихи забони тоҷикӣ ва мушкилоти мубрами он андешаронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ имрӯз на танҳо василаи муошират, балки рамзи худшиносӣ, ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ мебошад. Натиҷаҳои баррасишуда ва андешаҳои олимону муҳаққиқон дар шакли маҷмуаи илмӣ ба нашр расида, ҳамчун манбаи боэътимод ва арзишманд барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва дӯстдорони забони ноби тоҷикӣ хизмат хоҳад кард.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 4, 2025 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид