Баҳодур Шерализода ва Татяна Молчан Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумита Баҳодур Шерализода бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо (UNECE) Татяна Молчан баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо татбиқи «Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030»-ро баррасӣ намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, дар вохӯрӣ раиси Кумита Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳамеша омода мебошад.
Дар доираи вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ҳамоҳангсозии стандартҳои экологӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ, амалӣ намудани қарори Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо — 2025, аз ҷумла омодасозии экспедитсияи минтақавӣ ва гузориш барои конфронси байналмилалӣ, инчунин дастгирии фаъолияти Маркази минтақавии идораи партовҳоро дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор доданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






