Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон беш аз 2400 километр роҳҳо сохта шуданд
ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар 34 соли Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон беш аз 2400 километр роҳҳо сохта шуда, қариб тамоми роҳҳои асосии мошингард таҷдид гардид. Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ҳоло ба мамлакати транзитӣ табдил ёфтааст. Чунин иброз гардид зимни ҳамоиш дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ифтихори солгарди таъсиси маҷаллаи «Роҳ ва нақлиёт», иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи раддабандии охирини Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) оид ба сифати роҳҳои мошингард, Тоҷикистон дар байни 165 кишвари ҷаҳон ҷойи 44-умро ишғол намуда, мавқеи худро нисбат ба раддабандии қаблӣ шаш зина беҳтар намудааст. Роҳҳои мошингарди Тоҷикистон аз рӯи сифат яке аз беҳтарин роҳҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф шудаанд.
Тибқи талаботи муосир дар соҳаи нақлиёт, яъне зарурати амалӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рақамисозии соҳа, ташкили логистикаи муосир, истифодаи усулҳои нави сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо сабаби таъсиси маҷаллаи илмӣ-оммавии соҳа гардид.
Маҷалла бо мақсади инъикоси дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи
роҳу нақлиёт, инчунин ҳамчун майдони муносиб барои таҳқиқот дар соҳаи муҳандисӣ ва технологияҳои нақлиётӣ ва мусоидат ба ҳамгироии мамлакат ба шабакаи ҷаҳонии нақлиёт таъсис дода шудааст.
Маҷаллаи «Роҳ ва нақлиёт» моҳи июли соли 2025 ба Феҳристи Маркази байналмилалии бақайдгирии нашрияҳои даврии ISSN (ЮНЕСКО, шаҳри Париж, Фаронса) дохил карда шуд. Аз замони таъсиси маҷалла дар он тақрибан 60 мақолаи илмии донишмандон ва зиёда аз 70 мақолаи илмӣ-оммавӣ оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи роҳ ва нақлиёт ба табъ расидаанд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд






