Дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара меҳмонхонаи замонавии «Шоҳроҳ» ба истифода дода шуд

Октябрь 27, 2025 08:41

ДУШАНБЕ, 27.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар деҳаи Шаҳбури Ҷамоати деҳоти Себистон меҳмонхонаи замонавии «Шоҳроҳ» мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара.

Меҳмонхонаи мазкур дар канори шоҳроҳи байналмилалии Душанбе–Данғара–Кӯлоб ҷойгир буда, бо ба истифода додани он 15 нафар ба ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Меҳмонхонаи мазкур дорои имкониятҳои васеи хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад. Бинои меҳмонхона чорошёна буда, бо сабку усули муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Утоқҳои барҳавои истироҳатӣ, толорҳои қабулу нишаст ва ҳуҷраҳои оилавии меҳмонхона бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар қабати якуми бино ошхонаи замонавӣ ҷойгир буда, меҳмонон метавонанд дар муҳити орому зебо аз таомҳои миллӣ баҳра баранд.

Ёдовар мешавем, ки дар 9 моҳи соли 2025 ба ноҳияи Данғара 46 ҳазору 370 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид шуданд, ки 4313 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Данғара 8 меҳмонхонаи замонавӣ, 3 мавзеи сайёҳӣ, 15 тарабхонаи муосир, 3 осорхона, 82 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 3 чойхона, 32 маркази хизматрасонии бонкӣ, 9 мағозаи фурӯши армуғон, 5 зиёратгоҳ, 5 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 маркази иттилоотию сайёҳӣ, 4 хатсайри сайёҳии амалкунанда ва 12 ҳавзи моҳипарварӣ мавҷуд мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Октябрь 27, 2025 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад