Дар доираи «Душанбе Инвест-2025» мубоҳисаи канории «Маблағгузории иқлим ва бозорҳои карбонӣ» баргузор гардид

Октябрь 14, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» дар мавзуи «Маблағгузории иқлим ва бозорҳои карбонӣ» мубоҳисаи канорӣ доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Иштирокчиён даъватҳо ва имконоти муҳими Тоҷикистонро дар заминаи мушкилоти ҷаҳонии экологӣ ва гузариш ба иқтисоди устувор баррасӣ карданд.

Дар шароити афзояндаи нигарониҳо доир ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он иштирокчиён аҳамияти кӯшишҳои дастҷамъонаро барои ноил шудан ба рушди устувор таъкид намуданд.

«Уҳдадории муштараки мо нисбат ба рушди устувор ҳеҷ гоҳ то ин андоза муҳим набуд»,-изҳор намуданд баромадкунандагон ва диққати махсусро ба захираҳои фаровони табиӣ ва иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон равона намуданд.

Иброз гардид, ки форум майдони баррасии стратегияҳо нисбат ба рушди шарикӣ, ки ба сармоягузории масъулиятнок ва рушди ками карбонӣ мусоидат мекунад, табдил ёфт. «Бо истифода аз маблағгузории «сабз» мо муҳити табиии худро ҳифз карда, барои суботи дарозмуддати иқтисодӣ, таъсиси ҷойи кор ва сифати беҳтари зиндагӣ барои наслҳои оянда замина мегузорем»,-баён доштанд иштирокчиён.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба зарурати тағйироти куллӣ дар ҷараёни маблағгузории ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои Созишномаи Париж ва Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 равона карда шуд.

Мавзуи асосии мубоҳиса он буд, ки чӣ гуна маблағгузории «сабз» метавонад сармояи хусусӣ ва давлатиро барои маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи энергияи таҷдидшаванда, самаранокии энергия ва инфрасохтори устувор муттаҳид намояд.

 Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад