Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Иди Меҳргонро таҷлил намуданд

Октябрь 14, 2025 09:46

ДУШАНБЕ, 14.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Иди Меҳргонро бо риояи оинҳои қадимии ин ҷашни бостонӣ  таҷлил намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ хабар доданд.

Бахшида ба ҷашни Меҳргон дар донишгоҳ гӯшаҳои алоҳида ороста шуда, маҳсули дастранҷи деҳқонон- меваҷот, сабзавот, асал, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода зимни таҷлили ин ҷашни бостонии миллати тоҷик  гуфт, ки Меҳргон рамзи меҳнату фаровонӣ, дӯстию эҳтиром ва ободию некӣ буда, таҷлили он аз эҳтироми мардум нисбат ба замин, об ва табиат дарак медиҳад.

Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Меҳргон аз нав эҳё гардид. Он имрӯз ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳнати деҳқон ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии тоҷикон таҷлил мегардад.

Таҷлили ҷашнҳои миллӣ — Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон дар замони истиқлолият на танҳо ба эҳёи суннатҳои ниёгон мусоидат кард, балки ҳисси ватандӯстию худшиносии миллиро дар ҷомеа тақвият бахшид.

Таҷлили Меҳргон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон на танҳо рамзи эҳёи суннатҳои миллӣ, балки нишонаи ҳамбастагии донишгоҳ бо сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва Пешвои миллат мебошад. Чунин чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки донишҷӯён дар баробари таҳсил бо фарҳанги миллӣ, таърихи мардум ва арзишҳои маънавӣ шинос гардида, ҳисси масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстиро рушд диҳанд.

 

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Октябрь 14, 2025 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид