Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Мавлоно конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд

Октябрь 1, 2025 08:38

ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар рушди адабиёти тоҷик» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни конфронс иброз гардид, ки осори гаронбаҳои Мавлоно, аз ҷумла «Маснавии маънавӣ» ҳамчун ганҷи бебаҳо садсолаҳо боз ҷомеаи башариро ба сӯи маърифат, худшиносӣ ва ваҳдати маънавӣ раҳнамоӣ менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки омӯзиш ва ҳифзи мероси гаронбаҳои адибону орифони гузашта вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад. Зеро маҳз тавассути ин мерос мо метавонем пояҳои маънавӣ ва фарҳангии давлатдории миллиро таҳким бахшем.

«Мавлоно бо андешаҳои ирфонӣ ва шеърияти баланд дар адабиёти тоҷик роҳи нав кушодааст. Осори Мавлоно то имрӯз илҳомбахши муҳаққиқону донишмандон буда, ҳамчун дастури маънавӣ барои ҷомеа хизмат менамояд»,-баён гардид дар конфронс.

Ёдовар мешавем, ки чунин ҳамоишҳо бо мақсади таҳкими худшиносӣ, омӯзиши мероси ғании гузаштагон ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои фарҳанги ҷаҳонӣ баргузор гардида, дар баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва эҳёи суннатҳои арзишманди илму адаб нақши муҳим мегузоранд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Октябрь 1, 2025 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид