Дар Душанбе бо иштироки беш аз 1000 нафар Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan – 2025» баргузор шуд

Октябрь 13, 2025 15:22

ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan – 2025» баргузор гардид. Дар кори форум беш аз 1000 намояндаи ширкатҳои бонуфузи IT, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносони самти технологияҳои иттилоотӣ ва ҳаводорони технологияҳои рақамӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро баррасӣ намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Коршиносони Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan – 2025» доир ба масъалаҳои марбут ба «Ташаккули иқтидори кадрӣ барои иқтисодиёти рақамӣ: маориф, илм ва инноватсия», «Ташкили инфрасохтори муосири рақамӣ дар самтҳои гуногун», «Машварат ва ҳамкорӣ байни бонкҳо ва стартапҳо», «Ташаккули иқтидори кадрӣ барои иқтисодиёти рақамӣ: маориф, илм ва инноватсия», «Бозори меҳнат. Тамоюлҳо, таҳлили дурнамоҳои соҳа бо назардошти рушди самтҳо ва оптимизатсияи соҳаи бонкдорӣ», «e-Commerce – 2025», «Рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойи кор тавассути тиҷорати электронӣ дар Осиёи Марказӣ» ва дигар масъалаҳои фарогири самти инноватсия ва рақамикунонӣ ибрози назар намуда, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Ҳадаф аз баргузории форум муаррифии имконият ва зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохторӣ давлатӣ, бахши хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони сатҳи байналмилалӣ вобаста ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Иштирокдорони Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan – 2025» таъкид намуданд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла татбиқи ҳукумати электронӣ, таъсиси низоми пардохти миллӣ ва рушди технологияҳои молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Форум байналмилалии «Digital Tajikistan – 2025» идомаи мантиқии рақамикунонии мамлакат буда, майдони фaрох барои баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба самти савдои электронӣ, такмили инфрасохтори рақамӣ, рушди бонкдории рақамӣ, истифодаи технологияи блокчейн, таъмини амнияти киберӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар минтақа мебошад.

Дар идомаи кори форум ҷаласаҳои панелӣ бо ҷалби васеи коршиносон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумлаи «Рушди Тоҷикистон — роҳ ба сӯи ҷомеаи муосири рақамӣ», «Истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти бонкӣ», «Рушди e-Comm («се сутуни асосӣ»): суботи иқтисоди миллӣ, динамикаи савдои ҷаҳонӣ ва эътимоди истеъмолкунандагон», «Маркетплейсҳо – самти эволютсионии рушди тиҷорати электронӣ», «Рақамисозии шабакаҳои инфрасохтори нақлиётӣ, бандарҳо, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва нуқтаҳои гузаргоҳӣ дар доираи механизми шарикии давлатӣ ва хусусӣ» баргузор гардиданд.

Баргузории ин форуми калон нишони он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба самти рушди иқтисоди рақамӣ қадамҳои устувор мегузорад. Таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд. Дар Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Бо мақсади тақвияти раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030-ро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотию иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ ба роҳ монда шаванд».

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2025 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид