Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Муаррифии иқтидор ва имконияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ ва бахши хизматрасонии молиявӣ аз ҳадафҳои асосии Форуми «Digital Tajikistan» мебошад.
Форуми дуюми «Digital Tajikistan» фурсати муносиб барои табодули таҷриба бо мутахассисони байналмилалӣ, коршиносон, соҳибкорон, сармоягузорон ва ҳаводорони технологияҳои рақамӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






