Дар Душанбе Форуми минтақавӣ-иҷлосияи роҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавӣ-иҷлосияи роҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар анҷоми ин форум Эъломияи муштарак оид ба таъсиси Эътилофи минтақавӣ дар масъалаҳои таҳкими устувории шаҳрҳои Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид , ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мешавад, қабул гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Форум аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Маркази ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ (CESDRR), Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ/UNDP), Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо (UNDRR) ташкил карда шуд.
Дар кори форум роҳбарони ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, роҳбарони Хадамоти миллии гидрометеорологӣ, намояндагони шаҳрдории шаҳрҳои пилотӣ дар доираи лоиҳаи минтақавии БРСММ, инчунин намояндагони агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид, дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд.
Дар форум масъалаҳо вобаста ба тақвияти устувории шаҳрҳои минтақа нисбат ба хатарҳои офатҳо ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла таҳияи профилҳои хавфи шаҳрҳои пилотӣ дар доираи лоиҳаи минтақавии БРСММ, рушди низомҳои огоҳкунии барвақт дар доираи ташаббуси «Early Warning for All» («Огоҳкунии барвақт барои ҳама»), идоракунии захираҳои обии фаромарзӣ ва ҳамоҳангсозии самтҳои афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи коҳиши хатари офатҳо муҳокима гардиданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни Форум як қатор тавсияҳо оид ба такмили механизми мубодилаи маълумоти гидрометеорологӣ байни хадамоти гидрометеорологии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, маълумот дар бораи падидаҳои хатарноки гидрометеорологӣ дар қаламравҳои фаромарзӣ байни ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ як қатор санадҳо, аз ҷумла Протоколи ниҳоӣ, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкории муштаракро барои солҳои 2026–2027 дар самти таҳкими ҳамкорӣ ва афзоиши устувории кишварҳои минтақа нисбат ба офатҳо ва ҳолатҳои фавқулода муайян менамояд, қабул гардид.
Дар доираи форум инчунин бо дастгирии Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳо ва Ҳукумати Швейтсария вохӯрии минтақавии шарикон оид ба таҳкими низомҳои огоҳкунии барвақт ва татбиқи ташаббуси «EW4All» баргузор гардид. Дар он саҳми ҷонибҳои манфиатдор дар самти такмили низомҳои огоҳкунии барвақт дар минтақа ва пешниҳоди чораҳои минбаъда барои ворид шудан ба ҳуҷҷати ниҳоӣ баррасӣ шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»