Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» баргузор шуд

Октябрь 25, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 25.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар конфронс муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, намояндагони Ҳукумат, ширкатҳои бонуфузи соҳаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ, марказҳои тадқиқотии байналмилалӣ ва фондҳои венчурӣ иштирок намуданд.

Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки имрӯз ҷаҳони муосир ба марҳилаи нави илму техника ворид гаштааст. Зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои муҳими иқтисоди рақамӣ ба шумор рафта, дар ҷаҳон ба таври бесобиқа рушд менамояд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон экосистемаҳои зеҳни сунъӣ босуръат рушд намуда, мамлакат ба минтақаи ҷолиб барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

«Зеҳни сунъӣ танҳо воситаи ёридиҳанда набуда, он ба қабули қарорҳо ба нақшагирӣ, дар маҷмуъ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон ворид шудааст. Мутобиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ то соли 2030 зеҳни сунъӣ метавонад ба афзоиши маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузорад», — изҳор дошт муовини якуми Сарвазири мамлакат.

Дар идома тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари ташаббускор дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳанӯз соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки аввалин санад дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Иброз гардид, ки ҳамзамон соли равон бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул карда шуд, ки он аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавқеи кишварро ҳамчун ташаббускори рушди зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ таҳким мебахшад.

«Дар назар аст, ки Маркази зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад», — иттилоъ дод Ҳоким Холиқзода.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат илова намуд, ки дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон беш аз 750 мутахассиси ҷавон омода карда шудааст. Инчунин ба барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи ҷумҳурӣ ихтисоси зеҳни сунъӣ ворид карда шуд. Ҳамзамон татбиқи ин стратегия дар 100 муассисаи таҳсилоти мамлакат оғоз гардидааст ва ин қадами нав дар низоми маориф мебошад.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон бо суръати баланд инфрасохторро рушд дода, экосистемаи истеъдодҳоро ташаккул ва ба татбиқи технологияҳои экологӣ тавассути истифодаи манбаъҳои барқароршаванда машғул мебошад. Ин иқдомҳо дурнамои навро барои рушди илм, тиҷорат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба миён меоранд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо ширкатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Scale AI», «Mistral AI», «Perplexity AI», «Presight» ва Шурои технологияи пешрафтаи АМА (ATRC) ҳамкорӣ мекунад, ки лоиҳаҳои миллии зеҳни сунъиро дар амал татбиқ менамоянд.

 

Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳирҷон САИД (АКС)

АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид