Дар Душанбе масоили технологияҳои молиявӣ ва навовариҳо ҳамчун муҳаррики сармоягузорӣ баррасӣ гардид

Октябрь 17, 2025 13:27

ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии  сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо иштироки сармоягузорон, соҳибкорони дохилию хориҷӣ, намояндагони ташкилоти байналмилалии молиявӣ, роҳбарони ташкилоти қарзии молиявии мамлакат ва бахши хусусӣ ҷаласаи панелии соҳавӣ дар мавзуи «Технологияҳои молиявӣ ва навовариҳо — муҳаррики сармоягузорӣ барои оянда» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки рушди технологияҳои муосири молиявӣ дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявӣ буда, асоси рақамикунонии иқтисод ва тавсеаи сармоягузорӣ ба бахши инноватсионӣ мебошад. Изҳор гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасонии молиявӣ сиёсати фарогири рушди низоми пардохт ва рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявиро идома медиҳад.

Иштирокдорон масъалаҳои калидии рушди технологияҳои молиявӣ, аз ҷумла рақамикунонии низоми пардохт, истифодаи open banking, таъмини амнияти киберӣ, густариши саводнокии молиявии аҳолӣ ва имконияти ҷалби сармоя ба иқтисоди рақамиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин таҷрибаи байналмилалӣ дар самти ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ, ташкили муҳити рақобатпазир барои ширкатҳои технологӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои электронӣ барои соҳибкорон ва аҳолӣ арзёбӣ гардида, зарурати тақвияти ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва ташкилоти байналмилалӣ барои рушди устувори бозори молиявӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти  Тоҷикистон таъкид  гардид.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2025 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд