Дар Хатлон Рӯзи даъватшавандаро бо тантана баргузор намуданд

Октябрь 3, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар маросими бошукуҳи Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Дар рӯзи нахустин беш аз даҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.

Солҳои охир шумораи ҷавонписароне, ки ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ мераванд, зиёд шуда, шаҳрвандон баъди гирифтани аввалин даъватнома ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Ин нишони он аст, ки масъулини мақомоти вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз як мавсим то мавсими даъвати дигар мувофиқ ба талаботи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватиро барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар бар мегирад, корҳои зиёд анҷом медиҳанд. Инчунин захираи даъватшавандагонро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муайян ва мушаххас менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тарҳи нав қабул карда шуд. Он аз 10 боб ва 62 модда иборат буда, тамоми самтҳои фаъолияти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳоеро, ки ба қайд гузоштани хизмати ҳарбиро ба танзим медароранд, дар бар мегирад. Мутобиқи ин қонун, ҳамасола теъдоди муайяни шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 3, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид