Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар шаҳри Минск таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, зимни ҷаласа натиҷаҳои нишастҳои Шурои сарвазирон, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҷамъбаст ва вазифаҳо барои амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои қабулшуда ва тавофуқоти бадастомада муайян гардиданд.
Намояндагони доимӣ роҷеъ ба рафти иҷрои Харитаи роҳ оид ба татбиқи ташаббусҳое, ки сарони ҳайатҳо дар ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳо, Шурои сарони ҳукуматҳо, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шурои иқтисодии ИДМ марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоӣ баён доштанд,маълумот дода, инчунин Барномаи чорабиниҳо барои солҳои 2023–2025 вобаста ба татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкории Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Комиссияи иқтисодии Авроосиёро ба эътибор гирифтанд.
Шуро номзадии Игор Петришенко, муовини аввали Котиби генералии ИДМ-ро ҷиҳати роҳбарии Ҳайати мушоҳидон ИДМ дар интихоботи ғайринавбатии вакилони Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 30 ноябри соли 2025 дар назар аст, тасдиқ намуд. Ҳамчунин, зимни ҷаласа маълумот дар бораи дурнамои ҳамкории ИДМ бо иттиҳодияҳои интегратсионӣ дар Африқо шунида шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






