Дар Москва ҳамоиш оид ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) ҳамоиши илмию фарҳангӣ бахшида ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири махсуси АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти соҳавии Федератсияи Русия, корпуси дипломатии муқими шаҳри Москва, доираҳои илмию эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёни тоҷик, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Русия иштирок намуданд.
Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) намоиши ҳунарҳои мардумии Тоҷикистону Эрон, китобу нашрияҳои таърихи халқи тоҷик, минҷумла «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ташкил гардида, ба иштирокчиён меваҳои тару тозаи Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази фарҳанги тоҷикон” ташкил карда шуд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки таърихи тоҷик дар замони Куруши Кабир, Дорои I ва Дорои III шоҳиди ташаккули тамаддуни бузург гашта, Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ба ҳамкории халқу миллатҳо, дину мазҳабҳо ва маданияту фарҳанги гуногун асос ёфта буд. Куруши Кабир тавонист, ки ҳудуди давлати Ҳахоманишиёнро аз баҳри Миёназамин то Хоразм ва аз Хоразм то Уқёнуси Ҳинд васеъ намояд, яъне дар умум давлати Ҳахоманишиён дар се қитъа — Осиё, Аврупо ва Африқо ҷойгир буд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ таъкид дошт, ки имрӯз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз санадҳои қадимтарин, бунёдӣ ва консептуалӣ, сарчашмаи нодири ҳуқуқӣ-таърихии мардуми тоҷик оид ба рушди давлатдорӣ буда, боиси таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон ва ҷомеаи умумибашарӣ қарор гирифтааст. Инчунин сафир оид ба саҳми барҷастаи Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ дар ҳифз ва нигоҳдошти таъриху тамаддуни ориёӣ ҳамчун нигораи адабии мардуми тоҷик яке аз ёдгориҳои барҷастаи қадимӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов Владимир Малишев ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия Қосим Ҷалолӣ суханронӣ карданд.
Ҳамзамон ходими калони илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, номзади илмхои таърих, дотсент Раванди-Фадаи Лана Меҷидовна дар мавзуи “Куруши Кабир ва Устувонаи ҷаҳонии ӯ” рӯнамо пешкаш намуд.
Дар доираи ҳамоиш донишҷӯёни тоҷик ва рус, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил мекунанд, «Шоҳномахонӣ» карда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Куруши Кабир ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шеърҳо қироат намуданд.
Ҳамчунин таҳти роҳбарии ҳунарпешаи шоистаи Русия Фарҳод Маҳмудов донишҷӯёни тоҷики ВГИК ба ҳозирин барномаи фарҳангӣ, иборат аз рақсҳои мавзуну дилнишини Ансамбли “Соната” ва саҳнаи театрикунонидаи «Куруши Кабир»-ро пешкаш намуданд.
Иштирокчиёни маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик бештар шинос шуда, дар фарҷом ба онҳо маҷмуи филмҳои заррини “Тоҷикфилм” туҳфа карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 дастур доданд, ки дар доираи ташаббусҳои байналмилалии фарҳангии мамлакат бахшида ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ЮНЕСКО мавод пешниҳод карда шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»

































Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






