Дар ноҳияи Восеъ иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд

Октябрь 22, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин дар ин рӯз корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии «Миралӣ» ба истифода дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, сохтмони ин иншооти муосир дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои саноатикунонии босуръати мамлакат бо маблағгузории соҳибкори ватандӯст амалӣ гардид.

Дар айни замон беш аз 60 сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон дар корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонӣ фаъолият мекунанд.

Инчунин дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ корхонаи истеҳсоли бетон ва корхонаи коркарди сангу шағал ифтитоҳ гардид. Сохтмони иншоот соли 2024 оғоз гардида, бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ ва фармоишгари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Далерҷон» ба маблағи 10 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар корхонаи истеҳсолӣ бо фароҳам овардани ҷойи кори доимӣ 20 сокини маҳаллӣ бо маоши зиёда аз 3000 сомонӣ ба кор ҷалб гардид. Ин иқдом боиси беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди саноати маҳаллӣ мегардад.

Дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бинои наву замонавии ошхона ва маркази забономӯзӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он ҳам маркази таълимии забономӯзӣ ва ҳам ошхона бо шароити муосир ҷойгир карда шудааст. Иншоот тибқи талаботи замони муосир ва бо тарҳи зебо мавриди истифода қарор гирифт.

Ба бунёди иншоот 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ равона гардида, ин иқдом намунаи равшани дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби бахши хусусӣ дар ноҳия маҳсуб мешавад. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани бино 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Мақсад аз таъсиси маркази забономӯзӣ фароҳам овардани имконият барои ҷавонону наврасон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани савияи дониши забондонӣ ва дар умум рушди неруи зеҳнии насли нав мебошад.

Ҳамчунин имрӯз дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ корхонаи коркарди сангу шағал ба  истифода дода шуд. Сохтмони корхона соли 2025 оғоз гардида, бо маблағи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ тарҳрезӣ ва бунёд гардид.

Дар деҳаи Ғофилободи Ҷамоати шаҳраки Заҳматобод корхонаи коркарди сангу шағал низ мавриди истифода қарор гирифт

Сохтмони корхона соли 2024 бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ, бо харҷи умумии 1 миллион сомонӣ оғоз гардида, дар сотмони он 10 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Ин иқдом на танҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии маҳаллӣ мусоидат мекунад, балки боиси рушди соҳаи саноати ноҳия низ мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Октябрь 22, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ду мошини махсуси чорвокашонӣ дастрас шуд
Кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили сабзӣ аз кишти такрорӣ идома дорад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи сифати аудити берунаи ташкилотҳои суғуртавӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муҳими стратегӣ дар соҳаи нақлиёт байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
«Саноатсодиротбонк» барои дастгирии соҳибкорӣ ва иқтисоди «сабз» «Иқдоми нав дар Соли нав»-ро роҳандозӣ менамояд
«Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо»-и хизматрасониҳои молиявӣ таҳия карда мешавад
Байни Тоҷикистону Ҷопон Барномаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои солҳои 2026-2028 қабул карда мешавад
Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад