Дар Рим ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар шаҳри Рим (Италия) муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Чу Донгюй мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва ФАО дар самти кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди устувор баррасӣ гардиданд.
Муовини Сарвазири мамлакат ба роҳбарияти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои дастгирӣ дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди соҳаи аграрии мамлакат мусоидат менамоянд, изҳори сипос намуд.
Сулаймон Зиёзода сафари Директори генералиро ба Тоҷикистон далели робитаҳои дӯстона номида, онро оғози марҳалаи нави ҳамкории судманд байни ҷонибҳо арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки барномаҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон самтҳои муҳим, аз ҷумла мубориза бо ҳашароти зараррасон, рушди низоми обёрӣ, ҳифзи растаниҳо ва ҳайвонотро фаро мегиранд.
Ба Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои расман шомил намудани гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ангури гулобии тоифӣ ва дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» («GIAHS») изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар самтҳои гузариш ба иқтисоди «сабз», ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва тадбирҳо бар зидди саранча баррасӣ карданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ минбаъд низ дар таҳкими рушди устувори соҳаи кишоварзии Тоҷикистон саҳми муҳим мегузорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






