Дар Русия Конгресси дуюми Ташкилоти умумиҷаҳонии нависандагон баргузор гардид

Октябрь 9, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Конгресси дуюми Ташкилоти умумиҷаҳонии нависандагон баргузор гардида, ба намояндаи аҳли зиёи  тоҷик Абдулқаҳҳор Қосимзода медали «Барои саҳми арзанда дар рушди адабиёти ҷаҳон» супорида  шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» шоир Абдулқаҳҳор Қосимзода иттилоъ дод, дар ин ҳамоиш намояндагони беш аз 150 давлати ҷаҳон иштирок намуда, нақши ҷамъиятҳои адибон, санъати тарҷума, намоиши китобҳо, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи адабиёт ва дипломатияи фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи ин конгресс  таҳти унвони  «Мо аз як сайёра ҳастем» ҳамоиш доир шуд, ки адибон ва рӯшанфикрони  беш аз 60 кишвари ҷаҳонро ҷамъ овард. Ин ҳамоиш собит кард, ки сарфи назар аз тафовути ҷуғрофӣ ва фарҳангӣ як самти муштараки эҷодкорӣ ва фаҳмиш метавонад дар саросари ҷаҳон паҳн шавад.

Ҳамчунин дар конгресс маросими супоридани Ҷоизаи адабии ҷаҳонии Ташкилоти умумиҷаҳонии нависандагон баргузор шуд. Ҷоиза ба муаллифоне дода шуд, ки на танҳо маҳорати баланд нишон додаанд, балки дар рушди адабиёти ҷаҳонӣ низ саҳми арзанда гузоштаанд.

АКС: Ташкилоти умумиҷаҳонии нависандагон

Октябрь 9, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид