Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 131 ҳазор тонна пешбинӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 12.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахта 131 ҳазору 300 тонна пешбинӣ гардида, то имрӯз 73 ҳазору 994 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 56,4 фоизи нақша баробар аст.
Ба иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, нақшаи ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ашт 13 ҳазору 851 тонна буда, то имрӯз 8 ҳазору 485 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 61,3 фоизи нақша баробар аст.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсол 12 ҳазору 529 тонна муайян гардида, то имрӯз 8 ҳазору 137 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 65 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Суғд бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ натиҷагирӣ шуда, ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ муайян гардиданд. Тибқи ҷамъбасти натиҷаҳо, ноҳияи Ашт мақоми аввал, ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷойи дуюм ва дар байни ҷамоатҳо Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиб дониста шуданд.
Дар ин рӯзҳо барои сари вақт ва босифат ба анҷом расонидани маъракаи пахтачинӣ ҷалби тамоми захираҳо ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда зарур мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






