Деҳқонони ноҳияи Сангвор беш аз 11 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд
САНГВОР, 26.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Сангвор то имрӯз зиёда 2430 тонна ғалладона, 384 тонна сабзавот, 27 тонна зағир ва 11 ҳазору 520 тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд.
Муовини якуми Раиси ноҳияи Сангвор Муҳаммадсолеҳ Муҳаммадизода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гуфт, ки «имсол картошкапарварони ноҳия дар заминҳои хаҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар 800 гектар картошка кишт намуданд. Деҳқонон кӯшиш доранд, ки ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд. Хушбахтона, барои сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили картошка ситоди ноҳиявӣ таъсис ёфта, зиёда аз 50 техника ва механизми кишоварзӣ барои кандану ҷамъоварии картошка дар ҷамоатҳои деҳот фаъол аст. Ин имкон медиҳад, ки деҳқонон ҳосили картошкаро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд».
Мувофиқи маълумоти шуъбаи кишоварзии ноҳияи Сангвор, дар сохтори кишоварзӣ дар 330 гектар зироати ғаладонагӣ, 83 гектар сабзавот, 24 гектар зироати техникӣ, 67 гектар лӯбиёгиҳо ва дар 10 гектар хӯроки чорво кишт карда шудааст. То имрӯз майдони умумии кишти ин зироат пурра ҷамъоварӣ гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






