Доир ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нақлиёт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Октябрь 10, 2025 13:41

ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт тақвият медиҳанд. Далели ин ба имзо расидани санади нави ҳамкорӣ байни ду давлат -Харитаи роҳ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои солҳои 2025-2030 мебошад.

Ин санад дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия ба имзо расид. Ба санад аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби Федератсияи Русия Вазири нақлиёти Федератсияи Русия Андрей Никитин имзо намуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи ин санад таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт буда, ҷонибҳо дар асоси «Харитаи роҳ» ҳамкориро дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан дар самти интиқоли ҳарчи бештари мусофирон ва боркашонӣ, нақлиёти автомобилӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи нақлиёт ва ифтитоҳи хатсайрҳои алтернативӣ тақвият медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 16 санади нави ҳамкории байнидавлатию байниҳукуматӣ ва байни сохторҳои гуногуни Тоҷикистону Русия имзо ва табодул карда шуданд. Ин қадами муҳим дар самти таҳкими робитаҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Русия мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 10, 2025 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»