Дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои энергетика ва нафту газ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро дар соҳаи энергетика тақвият медиҳанд. Федератсияи Русия дар таъмини бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ нақши муҳимро иҷро мекунад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи энергетика дар шаҳри Москва дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини Сарвазири Федератсияи Русия Александр Новак баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, нафту газ ва таъминоти маҳсулоти нафтиро муҳокима намуданд.
Мусоҳибон ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар бахши энергетика, аз ҷумла фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» муҳокима карда, аз комёбиҳои ба дастомада дар ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти ин иншооти муҳими энергетикӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






