«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ – 2025». Дар доираи ин форум якчанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Октябрь 14, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ Созишнома байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Нет Солюшенс» оид ба Лоиҳаи «Бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» ба имзо расонида шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳамзамон Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии Лоиҳаи «Бунёди муассисаҳои ҳамгироии таълимӣ: боғчаи бачагона ва Литсей дар шаҳри Турсунзода» байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Илму адаб» ба имзо расид.

Дар доираи форум Созишнома оид ба амалишавии Лоиҳаи «Бунёди Маҷмааи варзишӣ» дар шаҳри Истаравшан байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳрак Сохтмон» ба имзо расонида шуд.

Инчунин Созишнома оид ба амалишавии Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ҷамоатҳои деҳоти Фирӯзоба, Раҷаб Ҳамробоев, Патар ва Куҳандиёри шаҳри Конибодом» байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Паризода» ба имзо расид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад