«DUSHANBE INVEST – 2025». Пойтахти Тоҷикистон ба маркази муколамаи байналмилалии сармоягузорӣ табдил меёбад

Октябрь 13, 2025 15:45

ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ Ховар/. Аз 14 то 16 октябр дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» баргузор карда мешавад. Он платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои “сабз”, рушди устувор ва трансформатсияи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба сомонаи расмии Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025».

Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мавзуи асосии форум «Сармоягузории “сабз”: Имконияти имрӯз барои ояндаи устувор» буда, тамаркузи стратегии мамлакатро ба рушди саноат, инноватсия ва гузариш ба иқтисоди камкарбон инъикос мекунад.

Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар форум беш аз 1000 меҳмон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна иштирок менамояд. Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва ҷаласаҳои махсусро оид ба рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, молияи устувор, рушди ояндаи шаҳр, энергетикаи “сабз” ва соҳибкорӣ дар бар мегирад. Таваҷҷуҳи хосса ба фаъолнокии занон дар соҳаи технология, рушди тиҷорати хурду миёна, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, сайёҳӣ ва технологияи молиявӣ дода мешавад. Дар назар аст, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» якчанд ёддошт ва созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шаванд. Дар доираи форум ҳамзамон намоишгоҳи «Душанбе Инвест-2025» ташкил карда мешавад, ки дар он дастовардҳои пешқадам дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, агробизнес ва сайёҳии устувор ба намоиш гузошта мешаванд.

Меҳмонони ҳамоиш намояндагони ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Созмони Милали Муттаҳид ва Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Ҳамоиш бо баргузории нишасти матбуотӣ, барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар боғи Куруш Кабир ба анҷом мерасад.

Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест – 2025» дар самти таҳкими шарикии байналмилалӣ, пешбурди Тоҷикистон ҳамчун маркази ояндадори сармоягузории “сабз” ва рушди инноватсионии минтақавӣ қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 13, 2025 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд